Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтихор Мухторов, донишҷӯи тоҷик, ки тавассути барномаи таълимии Global UGRAD як сол дар Амрико таҳсил кардааст, бардоштҳояшро аз ин кишвар пешкаш мекунад.

Ҳамчун донишҷӯи курси 3 дар Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли 2011 ба ман муяссар гардид тавассути барномаи таълимии Global UGRAD (Глобал ЮГРАД), ки аз тарафи Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда бо ҳамдастии созмони IREX ба роҳ монда мешавад, ба муддати 1 сол дар донишкадаи Otero Junior College (Отеро Чуниор Коллич), иёлоти Колорадо таҳсил намоям.

Барномаи таълими Global UGRAD ва дигар барномаҳои созмони IREX аз соли 1997 инҷониб дар Тоҷикистон фаъол буда ҳар сол ба донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои кишварамон имкон медиҳад, ки тавассути ин барнома ба ИМА сафар намуда бо маданият, фарҳанг, илм ва мардуми ин кишвари абарқудрат шиносоӣ пайдо намуда кишвари мо, тамаддун ва таърихи моро муаррифӣ намоянд.

Ин барнома хеле барномаи пуррақобат буда, ҳамасола шумораи зиёди донишҷуён ҳуҷҷатҳояшонро барои интихоб ирсол менамоянд. Ин барнома аз донишҷуён танҳо дониши хуби забони англисӣ ва фикри солимро тақозо мекунад. Хубии ин барнома аз он иборат аст, ки донишҷӯ бидуни хароҷот имконият пайдо мекунад дар муддати 1 соли академӣ дар донишгоҳҳои Амрико таҳсил намуда аз ин давлати пешрафтаи ҷаҳон дидан кунад. Яъне, ҳамагуна хароҷоти донишҷӯ аз тарафи созмони IREX пардохта мешавад.

Дар муддати 1 сол ман аз ин кишвари дар ҳақиқат ҳам зебо хеле баҳраманд шудам. Чун онҷо дар ҳақиқат мардуми меҳмондӯст, боҳиммат ва дилвасеъ хеле зиёданд. Нисбати зиндагии мардуми Амрико ба ман як чиз маъқул шуд, ки онҳо барои имрӯз зиндагӣ мекунанд, яъне моли доштаашонро сарфи имрӯзи зиндагӣ мекунанд, на ба монанди мардуми мо молро барои фардо ҷамъ намуда, худ зиндагии номусоид ба сар мебаранд.

Мардуми Амрико дар баробари инсондӯстӣ, инчунин ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди саг, гурба ва дигар ҳайвонҳои нодирро хеле ва хеле дӯст медоранд, ҳатто баъзан вақт барои ин ҳайвонҳо маблағҳои калон сарф мекунанд. Масалан, ман дар Амрико бар замми дар хобгоҳи донишкада истиқомат карданам, инчунин бо як хонаводаи амрикоӣ зиндагӣ мекардам, ки онҳо ду зану шавҳари хеле меҳрубон буданд ва он зан, ки нафақахӯр буд дар як паноҳгоҳ барои сагҳо ҳамчун волонтёр шуда, ҳаррӯз 30-35 километр роҳро тай намуда ин сагҳои бесоҳибро хӯрок дода, хонаҳояшонро аз ифлосиҳо тоза мекард ва ҳар яки онҳоро ба сайру гашт мебаровард. Ин барои ман хеле ҷолиби диққат буд. Дар баробари ин бисёрии одамҳо вақте, ки аз ман суол мекарданд, ки ман аз куҷо омадаам ва вақте ки мегуфтам аз Тоҷикистон, онҳо ҳайрон мешуданд, ки ин давлат чи гуна давлат аст ва дар куҷо ҷойгир шуда бошад? Сипас ман ба онҳо маълумоти ҷуғрофӣ ва таърихии Тоҷикистонро медодам ва барои онҳо хеле аҷоиб буд. Албатта барномаи Global UGRAD ба мо донишҷӯён ва мардуми Амрико имкон медиҳад, ки аз маданияту таърихи давлати якдигар шинос шавем ва муаррифӣ кунем. Масалан, агар ман тақрибан ба 100 нафар амрикоӣ Тоҷикистонро муаррифӣ карда бошам ва он 100 нафар боз ба 100 нафари дигар дар бораи Тоҷикистон маълумот диҳад, аллакай 200 нафар амрикоӣ Тоҷикистони моро мешиносанд ва меомӯзад ва солҳои оянда низ ҳамин тавр.

Илм дар ҳақиқат ҳам дар Амрико пеш рафтааст. Муаллимон ва профессорон ҳамеша омодаанд ба донишҷуён кӯмак кунанд. Шароити таълим дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст, синфхонаҳои барҳаво, таҷҳизоти ҳозиразамони таълимӣ ва интернети баландсуръат ҳамарӯза дар ихтиёри донишомӯзон қарор дорад. Ингуна шароитҳо дар ҳақиқат ҳам ба донишҷӯ илҳом мебахшанд, ки ба омӯзиш дил бандад. Аз низоми таҳсили Амрико ба ман бисёр чизҳо писанд омад. Масалан, дар давоми дарс донишҷӯ озод аст, ки хӯроки худро бо худ оварда истеъмол карда дар дарс иштирок кунад, бо автомошинаи шахсӣ ба дарс биёяд, ё ин ки бо либоси дилхоҳ дар дарс ширкат варзад. Инчунин муносибати донишҷӯ бо муаллим дар ҳолати ғайриформалӣ сурат мегирад, яъне донишчӯ метавонад бо муаллими худ дар мавзуи дилхоҳ суҳбат кунад, ақидаи худро иброз кунад ва ҳатто сайру гашт намояд. Ин хеле ба ман писанд омад.

Дар давоми таҳсил ман аз 4 иёлоти Амрико - Вашингтон, Ню Йорк, Ню Мексико ва Колорадо дидан намуда аз табиат ва зебогиашон баҳраманд шудам. Тарзи ҳаёт, маданият ва боду ҳаво миёни иёлотхо хеле фарқ мекунад. Вақте, ки ман дар иёлоти Ню Йорк истиқомат мекардам, ба ман як чиз хеле писанд омада буд, ки он ҷо тоҷикон хеле зиёд буданд, дар кӯчаҳо ҳамватанони мо бисёр во мехӯрданд. Бар замми ин, дар он ҷо чойхонаҳои ватанӣ низ кам набуданд. Ман, ки давоми чанд моҳ дар иёлоти Колорадо истиқомат доштам ва хеле таомҳои миллӣ ва ҳамватанонро пазмон шуда будам, пас аз ба Ню Йорк омаданам гуё худро дар Ватан ҳис мекардам. Аз маззаи оши палаву самбусаю шашлик хеле лаззат бурда будам. Албатта онҷо дӯстонам аз Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд ва мо бо хам ба сайру гашти ҷойҳои таърихии Ню Йорк баромада хеле хушнуд будем.

Ҳамин тариқ аз таҷрибаи касб кардаи худ дар Амрико ба ҳамаи донишҷуёни муҳтарами тоҷик пешниҳод мекунам, ки дар барномаи дар ҳақиқат арзандаи байналхалқии Global UGRAD иштирок намуда, фарҳанги миллати моро дар Амрико муаррифӣ намуда ва бо фарҳанги миллии Амрико шинос шаванд.

Имрӯзҳо аллакай даври аввали барнома оғоз гардида то 14 январи соли 2013 идома меёбад, сипас давраҳои минбаъдааш оғоз мешаванд.

Мухторов Ифтихор, хатмкунандаи барномаи таълимии Департаменти давлатии ИМА, Global UGRAD

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG