Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо сабаби баста шудани фурудгоҳи Ҳалаб гардид


Дар шаҳри Ҳалаби Сурия даргириҳои миёни нируҳои ҳукуматӣ ва мухолифон сабаби баста шудани фурудгоҳи шаҳр шуд. Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки марказаш дар Британия мебошад, гуфт, ки фурудгоҳ рӯзи душанбе баста шуд, зеро шӯришиён ба он ҳамла бурданд.

Вақтҳои ахир шӯришиён ҳамла ба фурудгоҳи шаҳри Ҳалабро бештар кардаанд, то бартарии нируҳои ҳавоии ҳукуматиро заиф созанд.

Нируҳои ҳавоии ҳукуматӣ мушкили аслӣ дар роҳи пешрафти нируҳои шӯришиён дониста мешавад.

Аз оғози нооромиҳо дар Сурия то ҳол дар ин кишвар 45 ҳазор нафар дар даргириҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG