Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон интиқоли гази моеъ аз қаламрави худро мамнуъ кард


Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, ки яз 1 январ ҳамлу нақли транзитии гази моеъ бо нақлиёти автомобилиро тавассути қаламрави худ мамнуъ эълон кунад.
Дар қарори ҳукумати Узбакистон гуфта мешавад, ки ҳадаф аз чунин кор таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист аст.

Дар ин қарор ба вазорати корҳои дохилаи Узбакистон ва ба Ожонси нақлиёти автомобилӣ ва дарёӣ дастур дода шудааст, ки ба муассисаҳои нақлиётӣ ин хабарро расонанд.
Дар сурати риоят нашудани ин қарор гази моеъ ба нафъи давлат мусодира карда мешавад. Дар ин санад омадааст, ки гази моеъ танҳо аз роҳи оҳан интиқол дода мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон аз қаламрави Узбакистон бо мошинҳо гази моеъ интиқол медиҳанд. Вақтҳои ахир дар Тоҷикистон истифода аз гази моеъ моҳе то 10 ҳазор тон афзоиш ёфтааст, зеро аксари мошинҳо ба ҷои бензин гази моеъ истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG