Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Вавилон-1»-и Душанбе ғолиби мусобиқаи 20-уми зимистона оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов гардид.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ба хотираи футболбози маъруф Александр Кирсанов, собиқ бозигари дастаҳои «Помир»-и Душанебе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Ирригатор»-и Душанбе, дар пойтахти кишвар, дар толори варзишии оҷонсии «Тоҷикгосстандарт» баргузор шуд.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи ҷашнӣ 49 даста ширкат дошт. Мусобиқа, ки 8-уми декабр шуруъ шуда буд, дар се гурӯҳ – миёни футболбозони ҳирфаӣ, дӯстдорони футбол ва собиқадорон барпо гардид.

Дар сабқати дастаҳои ҳирфаӣ тимҳои «Истиқлол-2» ва «Вавилон-1» ба финал баромаданд. Дар ҳайати ҳарду даста бозигарони маъруф, аъзои дастаи мунтахаби футзали кишвар ширкат доштанд. Чунончи, дар ҳайати «Истиқлол» Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Орзу Додхудоев ва Аҳтам Назаров, дар ҳайати «Вавилон» - Хуршед Маҳмудов, Фирдавс Файзуллоев, Шерзод Ҷумъаев, Алишер Улмасов ва Обидҷон Исмоилов бозӣ карданд.

Бозии ниҳоӣ хеле пуршиддат гузашт, вале замони асосӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани пеналтӣ кори футболбозони «Вавилон-1» омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд.

Дар сабқати собиқадорони синнашон 40 ва аз он боло дастаи «Бонки миллӣ» мақоми аввалро касб кард. Дар бозии ниҳоӣ миёни дӯстдорони футбол тими «Бонки миллӣ» бар «Динамо» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дар байни собиқадорони синнашон 45 ва аз он боло дастаи «Алмосӣ» ғолиб омад.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ғолибон ва дастаҳои ҷойҳои дувуму севумро соҳибшуда, инчунин, бозигарони беҳтарин бо медалу ифтихорнома ва ҷом мукофотонида шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG