Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об оғоз ёфт


Соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз тарафи СММ Соли ҳамкориҳои марбут ба захираҳои об эълон шудааст.

Маҷмаъи умумии СММ рӯзи 21-уми декабр бо иттифоқи оро қатъномаи “Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013”-ро тасвиб карда буд. Тибқи қатъномаи тасвибшуда, қарор аст, дар соли 2013 ду ҳамоиши муҳим дар масъалаи ҳамкорӣ дар масъалаи доғи об доир шавад. Интизор меравад, ҳамоиши аввал бо номи Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаъи умумии СММ рӯзи 22-юми март, ки Рӯзи ҷаҳонии об эълон шудааст, дар мақари СММ – шаҳри Ню-Йорк ва ҳамоиши дувум бо номи Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд дар поёни моҳи август дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон – доир шаванд.

Ёдовар мешавем, соли 2012 бо қатъномаи СММ Соли энержии доимӣ барои ҳамагон эълон шуда буд.

Кишварҳои ҷаҳон аз Русия то Ховари Миёна аз оғози соли 2013-и милодӣ истиқбол карданд. Дар Маскав ва Дубай бо оташбозӣ аз фаро расидани соли ҷадиди мелодӣ, истиқбол сурат гирифт. Дар Ҷокарто- пойтахти Индонезия-сераҳолитарин кишвари исломӣ низ, як маросими бошукуҳ ба ҳадафи истиқбол аз соли Соли нави милодӣ баргузор шуд.

Дар Тайиланд ва Ветнам низ мардум аз оғози соли нави милодӣ бо хушҳолӣ таҷлил карданд. Дар Пекин –пойтахти Чин раиси ҷумҳури ин кишвар дар суханронии соли навии худ гуфтааст, «Аз инҷо, яъне аз Пекин, ман барои ҳамаи Шумо хушӣ, сулҳ ва саломатии хуб дар соли нав орзу мекунам."

Ба мардуми Мянмар, ки даҳсолаҳо аз таҷлили соли нав дар пойтахт шаҳри Рангун маҳрум буданд, имсол муяссар хоҳад шуд, ки ба ин шаҳр биёянд ва ин ҷашнро таҷлил кунанд.

Дар Душанбе дар майдони “Дӯстӣ” маросими идона соати 8 шурӯъ шуд ва то соати 10 идома кард. Дар ин консерти идона, сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд ва оташбозии панҷдақиқаӣ ҳам баргузор шуд.

ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ ДАР ГӮШАҲОИ ГУНОГУНИ ДУНЁ

XS
SM
MD
LG