Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон соли 2012-ро "соли пурбаракат" хонд


Акс аз торнамои president.tj

Акс аз торнамои president.tj

Раисиҷумҳури Тоҷикистон соли нави мелодиро ба шаҳрвандон муборак гуфт ва аз онҳо даъват кард "фазои якдигарфаҳмиву муттаҳидӣ"-ро ҳифз кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми идонааш ба мардум, соли 2012-ро “соли пурфайзу баракат” барои мардум ва давлати кишвар хонд.

Дар паёми телевизионӣ, ки шоми душанбе нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон, пайвастани Тоҷикистон ба узвияти Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро яке аз дастовардҳои муҳими соли гузашта хонд. Ӯ гуфт:“Ин иқдоми муҳим ҳамчунин боиси болоравии минбаъдаи нуфузу обрӯи миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гардида, бешубҳа, барои фаъолияти босамари ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон ва ҳамгироии боз ҳам бештари он бо иқтисоди пешрафтаи ҷаҳонӣ фазои мусоид муҳайё месозад.” Тоҷикистонро пас аз 11 соли музокирот охири моҳи декабр ба узвияти Созмони Тиҷоратӣ Ҷаҳонӣ пазируфтанд. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ифтитоҳи нақби Шаҳристонро, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад, як рӯйдоди таърихии соли 2012 барои Тоҷикистон унвон кард.

Раисиҷуҳмури Тоҷикистон дар паёмаш гуфт: !Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем. Мо бояд минбаъд низ аҳлона бо кору фаъолияти ватандӯстонаи худ мушкилоти мавҷударо бартараф созем, Ватани озоду соҳибихтиёрамонро ободу пешрафта гардонем ва сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардуми шарафмандамонро дар солҳои наздиктарин таъмин намоем."

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки дар Тоҷикистон соли интихоботи президентӣ оғоз ёфт. Ҳизби ҳокими Халқию Демократӣ гуфтааст, аз нав Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон пешбарӣ хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG