Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии пулиси Тоҷикистон барои таъмини амният дар Соли нав


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд кормандони милиса барои таъмини амнияту тартибот дар рӯзҳои таҷлили Соли нави милодӣ омодагӣ мебинанд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 31-уми декабр, мардуми кишварро бо Соли нави милодӣ табрик гуфта, изҳор доштааст, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ барои тинҷу ором ва дар фазои идона гузаштани чорабиниҳое, ки дар Соли нави 2013 баргузор мегарданд, аз имрӯз омодагӣ мебинанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, Рамазон Раҳимов ба кори маъмурони милиса дар ҷараёни ҷашну маъракаҳое, ки тайи соли 2012 баргузор шудаанд, баҳои баланд дода, аз онҳо даъват кардааст, дар фаъолияти фаврӣ-хизматӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ба даст оранд ва ба боварии халқу давлат сазовор гарданд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми декабр дар охирин ҷаласаи ҳукумат дар соли 2012 ба ниҳодҳои интизомии кишвар дастур додааст, дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нави милодӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд.

Дастури раисиҷумҳур ва вазири умури дохила дар ҳолест, ки соли нави 2012 бо куштори Парвиз Давлатбеков, ҷавони 22-сола, ки дар бар либосҳои Бобои барфӣ дошт, оғоз гардид. Баробари ин, сокинони кишвар аз он шикоят доранд, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нав таркиши маводи тарфгарӣ ё "хлопушка" дар Душанбе зиёд мегардад ва сокинонро нороҳат мекунад.
XS
SM
MD
LG