Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд маросими асосии истиқбол аз соли 2013 дар майдони Дӯстии пойтахт соати 20 : 00 оғоз гардида, бо оташбозии солинавӣ (фейерверг) анҷом хоҳад ёфт.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе, рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки имрӯз базми солинавӣ дар майдони Дустӣ бо иштироки ситораҳои тоҷик ду соат идома хоҳад кард. Саидов илова намуд, ки дар анҷоми базм дар осмони пойтахт давоми 5 дақиқа оташбозии солинавӣ (фейрверг) сурат хоҳад гирифт.

Убайдулло Раҷабов, саркоргардони барномаи солинавӣ дар пойтахти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар маросими истиқбол аз соли 2013 бештар аз 30 ситораи эстрадаи тоҷик иштирок мекунанд. Раҷабов дар қатори иштироккунандагон Сироҷиддин Фозилов, Зикриаллоҳ Ҳакимов, Баха-84 ва ҳунармандони дигари ҷавонро ном бурд.

Аз ин пеш, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рабт додани иди Соли навро ба дини масеҳӣ нодуруст хонда, изҳор дошт, ки имсол таҷлили соли нави милодӣ дар пойтахт бошукуҳтар аз солҳои қаблӣ сурат хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG