Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯзи хунин дар Покистон


Пулиси Покистон дар ҷои ҳодиса. 30-юми декабри соли 2012

Пулиси Покистон дар ҷои ҳодиса. 30-юми декабри соли 2012

Дар бамгузорие дар вилояти Балуҷистони Покистон, дастикам 19 тан аз зоирони шиа кушта шудаанд.

Ин ҳодиса баъд аз чанд соати пайдо кардани ҷасади 21 афсари амниятии Покистон рух додааст, ки дар минтақаи қабиланишини дигар дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ба қатл расонда шуданд. Ба ин тартиб дар Покистон дар як шабонарӯзи гузашта ба дасти тундравҳо 40 нафар ба қатл расиданд.

Дар Балуҷистон ин 19 нафар зоирини шиа дар инфиҷори мошини бамгузоришуда дар ҳоле ба қатл расиданд, ки ба зиёрати макони муқаддас дар ноҳияи Мастунги Балуҷистон равон буданд. Онҳоро мошинҳои кормандони амниятӣ гусел мекардарданд ва 25 нафари дигар дар ин инфиҷор ҷароҳат бардоштаанд, ки дар миёни онҳо ду афсари гуселкунанда низ ҳаст.

Дар гузоришҳои муқаддамотӣ гуфта мешуд, ки бамро аз дур ба воситаи дастгоҳи ҳидояткунанда инфиҷор додаанд. Вале Муҳаммад Ҳошим-афсари амниятии аёлати Балуҷистон гуфт, ки ин инфиҷорро як маргталаб анҷом додааст: “Ин ҳодиса дар наздикии дафтари пулиси Дренгар рух додааст. 19 нафар кушта шудаанд. Ин бамгузории интиҳорӣ буд. Автобус аз Кветта ба сӯи Тафтон мерафт. Ду мошини амниятии мо онҳоро гусел мекард.”

Пайравони шиа дар Балуҷистони Покистон зуд-зуд мавриди ҳамла қарор мегиранд. Маъмулан гурӯҳҳои тундрави суннӣ даст ба чунин кор мезананд.
Баъд аз инфиҷор афроде, ки ҷон ба саломат бурданд, ба Кветта-маркази вилояти Балуҷистон баргаштанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки чанд соат пеш кормандони амниятӣ ҷасади 21 сарбозу афсари амниятиро пайдо карданд, ки Толибон онҳоро рабуда ва сипас ба қатл расондаанд. Мақомот ҷасади ин сарбозону афсаронро дар наздикии ду урдугоҳи низомии Пешовар дар минтақаи нооромии қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон ба хок супурданд. 27 декабр ҳудуди 200 нафар афроди мусаллаҳи Толибон ба урдугоҳи низомиёни покистонӣ ҳамла бурда ва дар маҷмӯъ 23 сарбозу афсарро рабуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG