Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабабҳои фоҷеаи ҳавопаймо дар Внуково таҳқиқ мешавад


Як қисмати ҳавопаймо ҳангоми оташ гирифтан
Як қисмати ҳавопаймо ҳангоми оташ гирифтан
Мақомоти расмии ширкати ҳавоии Русия сабтҳои парвози ҷаъбаи сисёҳи ҳавопаймои Туполев ТУ 204-ро таҳқиқ мекунанд. Ин ҳавопаймо рӯзи шанбе ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи Внуково ба фоҷеа дучор шуд. Чаҳор нафар аз сарнишинони ин ҳавопаймо кушта шуданд.

Кумитаи байнидавлатии парвозҳои Русия мегӯяд, ҷаъбаи сиёҳро аз ҳавопаймо берун овардаанд ва сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунанд, то рӯшан шавад, ки ин ҳавопаймо нуқси фаннӣ доштааст ва ё бо саҳлангории халабонҳо ба ин фоҷеа дучор шудааст.
Ин ҳавопаймо дар ихтиёри ширкати ҳавоии “Red Wing” ё “Болҳои Сурх” будааст.

Ҳавопаймо ҳангоми бориши барфи сабук ба замин фуруд омадааст ва аз хати нишст берун рафта ба се қисмат ҷудо шудааст ва оташ гирифтааст.

Дар дохили он танҳо халабонҳо будаанд. Ҳавопаймо аз парвози маъмулии мусофирбарӣ аз Прагаи ҷумҳурии Чех бармегашт.
XS
SM
MD
LG