Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Одамрубоён ҷасади 21 сарбозро баргардониданд


Ҷасади 21 сарбози покистониро, ки ҳамин ҳафта рабуда буданд, дар наздикии кохе гузошта шудааст, ки онҳоро боздошт карда буданд.

Навид Акбархон-мақоми ҳукуматии Покистон рӯзи якшанбе гуфт, ҷасади аз тир ғалбершудаи сарбозонро дуртар аз маҳаллаи аҳолинишин пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Акбархон, як сарбозро зинда пайдо кардаанд, вале аз тир захм бардоштааст. Ба як сарбози дигар муйяссар шудааст, ки бидуни захм фирор кунад.

Ҳабибуллоҳ Ориф-ёвари кумиссари молиёт ё андози Пешовар ба радиои Озодӣ гуфт:

“Мо дирӯз сарони қабилаҳоро фиристодем, ки бо одамрубоён мулоқот кунанд. Сарони қабоил ва хешовандаони рабудашудагон бо одамрубоён дар бораи раҳоии онҳо музокира пеш мебурданд. Вале баъд аз бозгашти онҳо шоми дирӯз афсарону сарбозонро ба қатл расондаанд”.

Тундравҳо 27декабр 23 сарбозро дар посгоҳҳои низомии даромадгоҳи Пешовар боздошт карда буданд. Тундравҳо ба ду посгоҳ ҳамла бурданд ва сарбозонро бо худ бурданд.
Гул Шаҳзод-мақоми дигари Покистон гуфт, Толибон масъулияти ин ҳамла ва одамрубоиро бар душ гирифтаанд.
.
XS
SM
MD
LG