Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонзани ҳинду-қурбонии таҷовузи ҷинсӣ даргузашт


Эътирозии ҳомиёни ҳуқуқ аз таҷовузи дастаҷамъии ҷавонзани 23-сола дар Деҳлӣ
Эътирозии ҳомиёни ҳуқуқ аз таҷовузи дастаҷамъии ҷавонзани 23-сола дар Деҳлӣ

Ҷавонзани 23 солае, ки дар автобус дар Деҳлӣ мавриди ҳамла ва таҷовузи бераҳмонаи дастаҷамъии гуруҳе қарор гирифт, дар бемористон ҷон додааст.

Ин ҷавонзанро 26-уми декабр ба Сингапур бурда буданд, то дар он ҷо муолиҷа бигирад. Вале рӯзи ҷумъа пизишкон гуфтанд, ки вазъи ин зан сангин шудааст.

Келвин Лоҳ, сартабиби бемористони Mount Elizabeth Hospital дар Сингапур, рӯзи шанбе ба матбуот гуфт, ки субҳи ҳамон рӯз, яъне рӯзи шанбе ин зан “орому осуда” даргузаштааст.

Рагаҳаван, комиссари олии Ҳиндустон, лаҳзаҳои дагузашт дар Сингапур буд ва ба ононе, ки талош доштанд ин қурбонии ҷавонро наҷот диҳанд, изҳори сипос кард: “Шумо медонед..., хеле талошҳо ба харҷ дода шуд, ҳам дар Ҳиндустон ва ҳам дар Сингапур, то имконоти беҳтарини тиббиро барои наҷоти ҳаёти вай истифода кунанд. Вале ҷароҳатҳои вай маргбор буданд ва саранҷом вай ҷон ба саломат бурда натавонист.”

Рагаҳаван ба аъзои хонаводаи ин қурбонии таҷовузи ҷинсӣ изҳори ҳамдардӣ кард ва аз онҳо хост, ки худро дар андуҳ нанишонанд ва ин зоиъаро таҳаммул кунанд. Рӯзи шанбе ҷасади ҷавонзан аз Сингапур ба Ҳиндустон оварда шуд.

Марги ин қурбонии таҷовуз, ки номашро ошкор накарданд, мумкин аст сабаби тазоҳуроти эътирозии дигар дар саросари Ҳиндустон шавад.

Ин ҷавонзан бо ҷавони дӯстдоштааш баъд аз тамошои як филм дар шаҳри Деҳлӣ савори автобус шуда, мавриди ҳамлаи 6 мард қарор мегирад. Ҳамлагарон пас аз латту кӯби ду дӯстдошта ба номуси зан дастаҷамъона таҷовуз кардаанд аз автобус берун андохтаанд.

Ин таҷовузи ҷинсие, ки 16-уми декабр дар Деҳлӣ рух дод, мардумро дар саросари Ҳиндустон ба ғазаб овард. Тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд ва ширкаткунандагон аз ҳукумат талаб карданд, ки барои ҳимояти занон тадобири бештар андешад. Баъзе аз тазоҳуркунандагон даъват карданд, ки 6 гумонбари ин таҷовузи ҷинсии дастаҷамъона ба қатл расонда шаванд.

Манмуҳон Сингҳ, нахуствазири Ҳиндустон, гуфт, ки вай аз хабари даргузашти зан “хеле ғамгин” аст ва илова кард, ки вай ба нақша гирифтааст, то тамоми эҳсосоту неруи худро барои ҳалли созандаи ин мушкил сафарбар кунад.

Мақомоти ҳукуматии Деҳлӣ дастур додаанд, ки роҳҳои марказии Деҳлӣ барои ҳаракати нақлиёт баста шавад ва ба сокинон пешниҳод карданд, ки аз гашту гузор дар марказ худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG