Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири нави Ҷопон аз ниругоҳи Фукушимо боздид кард


Шинзо Абе

Шинзо Абе

Шинзо Абе-нахуствазири тозаинтихоби Ҷопон аз ниругоҳи ҳастаии Фукушимо боздид кард, то бо корҳои поксозии он аз радиатсия ошно шавад. Абе дар либоси махсуси зидди радиатсия рӯзи шанбе дар минтақаи фоҷеа гардиш кард ва гуфт, поксозии маҳал “имтиҳони бесобиқае” барои Ҷопон ба шумор меравад. Вале гуфт, “бо муваффақият боздоштани фаъолияти Фукушимо заминаи бозсозии ниругоҳ ва Ҷопонро фароҳам меорад”.

Дар зилзилаи моҳи марти соли 2011 сунамӣ ба вуҷуд омад ва корхонаро об зер кард. Дар корхона чанд таркиш рух дод ва радиатсия паҳн шуд. Раҳбарони Ҷопон маҷбур шуданд, аҳолии маҳалро ба ҷойҳои дигар кӯч диҳанд.

Ниругоҳ баста шуд ва Ҷопон ҳоло камбуди энержӣ эҳсос мекунад. Бисёриҳо бар ин боваранд, ки ба зудӣ баъзе аз агрегатҳои ин ниругоҳи ҳастаӣ фаъолияти худро аз сар мегирад.
XS
SM
MD
LG