Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Спитамен кӯдаки 2 сола аз таркиши газ ба ҳалокат расид


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, дар натиҷаи таркиши балони газ дар ноҳияи Спитамен як кӯдак ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Акбар Шарипов-корманди дафтари матбуотии раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд хабар додааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, фоҷеаи мазкур шоми 28 декабр дар натиҷаи истифодаи нодурусти балони газ дар бинои шумораи 49 маҳаллаи Куруши ноҳияи Спитамен рух додааст.

Ин тифли қурбоншуда духтарчаи 2 солаи соҳиби хона будааст. 4 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористони ноҳия бистарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG