Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Обама ба масоили андоз ва коҳиши масорифи ҳукуматӣ


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико баъд аз мулоқот бо раҳбарони ҳизбҳои Демократ ва Ҷумҳурихоҳи кишвараш аз телевизион баёнияи мухтасаре эрод кард. Вай дар мулоқот бо раҳбарони ҳизбҳо дар бораи наздик шудани вақти баррасии будҷаи соли оянда гуфтугӯ кард.

Вай гуфт: ”Соати амали фаврӣ фаро расидааст. Ва он ҳамин ҳоло аст”.
Рӯзи ҷумъа Барак Обама дар Кохи Сафед бо намояндагони ҳар ду ҳизб, ки узви Сенат ва Маҷлиси Намояндагон мебошанд, мулоқот кард.

Раиси ҷумҳур гуфт, вай умед дорад, ки созиш ба амал хоҳад омад ва вай то рӯзи якшанбе будҷаро ба аъзои Конгресс пешниҳод мекунад.

Обама изҳори умед кард, ки аз 600 миллиард доллар афзоиши молиёт ё андоз пешгирӣ хоҳад шуд ва масорифи ҳукуматӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Ин нишондодҳо аз рӯзи аввали моҳи январи соли 2013 ба иҷро хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG