Пайвандҳои дастрасӣ

Зани таҷовузшудаи ҳинду дар Сингапур даргузашт


Зани 23 солае, ки дар дохили автобус дар Деҳлӣ ба вай ҳамла карданд ва мавриди таҷовузи бераҳмонаи ҷинсии дастаҷамъона қарор гирифта буд, аз захмҳои бардоштаааш даргузашт.

Ин ҷавонзанро барои муолиҷа ба Сингапур бурда буданд, вале рӯзи ҷумъа духтурон гуфтанд, ки вазъи вай сангин шудааст. Келвин Лоҳ-сартабиби Mount Elizabeth Hospital, ки зани ҳинду дар он ҷо муолиҷа мегирифт, рӯзи шанбе гуфт, ки субҳи шанбе ин зан ҷон додааст.

Ин ҷиноят 16 декабр рух дод ва дар саросари Ҳиндустон бар зидди ин ваҳшоният тазоҳуроти ғазаболуд баргузор шуд. Тазоҳуркунандагон аз ҳукумат дархост мекарданд, ки барои ҳимояти занон тадбирҳои бештар андешида шавад.

Баъзе аз тазоҳуркунандагон тақозо карданд, ки 6 гумонбари таҷовуз боздошт ва то мурдан шаллоқ зада шаванд.
XS
SM
MD
LG