Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо миллион қарзи аҳолӣ аз барқ аз куҷост?


Ширкати «Барқи тоҷик» эътироф мекунад, ки нишондодҳояш дар бораи ҳаҷми қарзи аҳолӣ аз барқ пурра «воқеӣ» нестанд.

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик», зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе эътироф намуд, ки ҳаҷми мавҷудаи қарзи аҳолӣ аз барқ «пурра реалӣ» нест.

Тибқи иттилои расмии "Барқи тоҷик", ки электроэнергетикаи Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, мардуми кишвар ба ҳолати моҳи июли соли равон аз барқ 315 миллион сомонӣ қарздор аст.

Аммо тавре худи Абдулло Ёров изҳор дошт, масъулини барқ айни ҳол ном ва суроғаи пурраи муштариёнро, ки маҷмӯан ба ин миқдор қарздоранд, намедонанд ва шояд ин маблағро пурра ҷамъоварӣ карда наметавонанд.

Аз омори «Барқи тоҷик», ки теъдоди муштариёнашро дар миёни мардум 1.2 миллион ва ҳаҷми қарзашонро аз барқ 315 миллион сомонӣ арзёбӣ мекунад, бармеояд, ки ҳар муштарӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна аз барқ бештар аз 300 сомонӣ қарздор мебошад.

Ин дар ҳолест, ки бисёри истифодабарандагони барқ дар кишвар мегӯянд ба ин миқдор қарздор нестанд. Муштариёни «Барқи тоҷик» дар шаҳри Душанбе таъкид мекунанд, ки ҳаққи барқро пеш аз ҳама месупоранд, чун нозирони «Барқи тоҷик» дар сурати таъхиркорӣ, интиқоли барқро қатъ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Ёров қазияи қарзи аҳолӣ аз барқро «хеле мураккаб» унвон карда, таъкид намуд, ки ин ҳаҷми қарз аз солҳои пеш ташаккул ёфтааст ва дар ҳисобу китоби ширкат ворид гардидааст. Ба гуфтаи Ёров баъди омӯзиш агар муайян шавад, ки қисмате аз қарзҳо беасосанд, ҳукумат дар ин самт чораандешӣ хоҳад кард.

Ҳолдонҳои энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд, баъзан масъулини «Барқи тоҷик» зимни ҳисоби қарзи аҳолӣ нишондодҳои ҳисобкунакҳоеро ба назар мегиранд, ки дар саргаҳи минтақаи аҳолинишин насб гардидаанд ва он талафоту дуздиҳое, ки дар дохили минтақа сурат мегирад, сарфи назар мешаванд. Аз ин ҷост, ки ба гуфтаи коршиносон қарзҳои бесуроға пайдо гардидаанд.

Дар баробари аҳолӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳо аз барқ қарздоранд, ки ба иттилои «Барқи тоҷик» ҳаҷми умумии он бештар аз 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG