Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон қонуни шарикии давлат ва бахши хусусиро имзо кард


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми декабр, як қатор қонунҳоро, ки парлумони кишвар онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қонун «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро ба имзо расондааст, ки дар таҷрибаи қонунгузории кишвар маротибаи аввал қабул гардида, барои ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия равона шудааст.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, қонун «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-ро имзо намудааст, ки он ҳам маротибаи аввал қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳамкории давлат ва бахши хусусиро муайян менамояд.

Дар қатори қонунҳои дигаре, ки имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст, қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» номбар гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд қонунҳои зикргардида, рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии Тоҷикистон нашр шуда, мавриди амал қарор мегиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG