Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сердюков ба муфаттишон ҷавоб надод


 Владимир Путин ва Анатолий Сердюков
Владимир Путин ва Анатолий Сердюков
Собиқ вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков аз додани посух ба суолҳои муфаттишон дар қазияи сирқати 100 миллион доллар худдорӣ кардааст. Дар изҳороти Кумитаи тафтишоти Русия гуфта мешавад, ки Сердюков бо ишора ба набудани вакили мудофиа аз додани ҷавоб ба суолҳо худдорӣ кардааст. Ба қавли Кумита вакили Сердюков бемор будааст. Кумитаи тафтишот Сердюковро 11-уми январ бори дигар ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ хоҳад кард. Президенти Русия Сердюковро дар моҳи ноябр аз вазифа барканор кард. Собиқ зердасти Сердюков Евгения Василева бо фасод ва авомфиребӣ муттаҳам мешавад. Ба қавли айбдоркунандаҳо Василева моликияти вазорати мудофиаро ба наздиконаш бо нархи поинтар аз бозорӣ мефурӯхтааст, ки дар натиҷа ба давлат камаш 100 миллион доллар зарар расидааст.
XS
SM
MD
LG