Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Лағви таҳримҳо, посухи муносиб ба ҳамкории Эрон аст


Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, гуфтугӯҳои гурӯҳи 5+1 як бо Эрон, то кунун роҳи душворе дошта, аммо ояндаи умедворкунандае дорад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории "Интерфакс"-русӣ дар бораи раванди музокироти гурӯҳи панҷ ба иловаи як бо Эрон гуфт: «Дар тӯли соли гузашта ин имкон вуҷуд дошт, ки мавзеамонро то андозае ба ҳамдигар наздик кунем. Асосе, ки бар пояи он мо бояд ба пеш ҳаракат кунем. Иқдомоти давомдоре барои даст ёфтан ба натоиҷи мусбат, зарур аст.»

Сергей Лавров, ки кишвараш яке аз аъзои гуруҳи панҷ ба иловаи як аст, дар идома гуфт, мо ҳеҷ далеле надорем, дастгоҳи раҳбарии Эрон барои эҷоди барномаи низомии ҳастаӣ, тасмим гирифта бошад.»

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ба таври муназзам риояти дақиқи тавофуқномаҳо аз сӯи Эронро таъйид мекунад.»

Вай дар идомаи мусоҳибаи худ ба зарурати эътимодсозӣ ишора кард ва гуфт, «Назорати амиқтар ва фарогиртар лозим аст ва ин ҳамон чизе аст, ки бояд асоси як роҳи ҳал бошад.»

Вазири умури хориҷии Русия изҳор дошт, ки дар миёнаҳои моҳи январ як нишасти дигар миёни намояндагони Оҷонс ва Эрон баргузор хоҳад шуд ва ибрози умедворӣ кард, ки "тавофуқи қатъӣ" дар ин нишаст ҳосил шавад.

Ҷаноби Лавров афзуд, "аммо қабул дорем, ки ҳаққи мусаллами Эрон аст, ки аз барномаи атомии сулҳомез бархӯрдор бошад ва аз ҷумла ғанисозӣ. Аммо пас аз он, ки ҳама масоили боқимонда рӯшан шавад ва мехоҳем дубора такрор кунем, ҳама фаъолияти ҳастаии Эрон таҳти контроли қобили эътимод ва фарогири Оҷонс будааст."

Вазири умури хориҷии Русия таъкид кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба иқдомоти созандаи Эрон посух бидиҳад, аз ҷумлаи онҳо лағви марҳилаии таҳримҳост – чӣ таҳримҳои якҷониба ва чӣ таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ.»
XS
SM
MD
LG