Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин қонуни манъи фарзандхониро имзо кард


Ятимон дар яке аз ятимхонаҳои Ростов
Ятимон дар яке аз ятимхонаҳои Ростов
Президенти Русия Владимир Путин қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро имзо кард. Ин қонунро аксуламал ба қонуни Магнитский арзёбӣ мекунанд, ки ахиран қонунгузорони ИМА ба тасвиб расонида буданд. Бар асоси қонуни Магнитский мансабдорони русе, ки дар марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский ва поймол намудани ҳуқуқи башар саҳм доранд, мавриди таҳрими ИМА қарор мегиранд. Ҳамкорони Магнитский мегӯянд, ӯ як идда мансабдорони Русияро бо фасод муттаҳам кард, вале ӯро ба зиндон андохта тавассути зарбу лат ва хунукназарии нозирони мабҳас ба ҳалокат расондаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ иброз доштаанд, ки қонуни манъи фарзандхонии амрикоиҳо ятимони Русияро аз имкони дарфёти ҳаёти беҳтар маҳрум мекунад. Людмила Алексеева раҳбари гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав мегӯяд, созмони зери раҳбарии ӯ эътироз бар зидди қонуни манъи фарзандхониро ба Додгоҳи конститутсионии Русия ва агар зарур шавад, ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо хоҳад расонд. Қонун сар аз якуми январи соли 2013-ум ба ҳукми иҷро медарояд. СММ тахмин мекунад, ки феълан дар Русия 740 ҳазор кӯдак берун аз парастории палару модар ҳастанд. Дар давоми 20 соли гузашта 60 ҳазор кӯдаки русро амрикоиҳо фарзанд хондаанд.
XS
SM
MD
LG