Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин: Аввал шиноснома, баъд интернет


Дар Чин қонуне ба тасвиб расид, ки бар пояи он 600 миллион корбари интернет дар ин кишвар бояд бо номи воқеии худ сабт шуда, кӣ буданашонро ошкор намоянд. Ҳадаф аз ин иқдом кӯшиши ҳифзи маълумоти хусусӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои ҷамъиятӣ номида мешавад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, шумори зиёде аз шаҳрвандони Чин шикоятҳо аз фасод ва сӯиистифода аз қудратро бидуни зикри номи худ мефиристанд. Тибқи дастури нав манъи дастрасӣ ба сомонаҳо ва маълумоте, ки “ғайришаръӣ” ба назар мерасад, амалӣ қонунӣ ба шумор меравад.
Ҳамчунон таъминкунандагон интернет ё худ провайдерҳо бояд дар бораи фаъолиятҳои шубаҳбарангез ба мақомот маълумот диҳанд. Ҳафтаи равон рӯзномаи амрикоии "The Los Angeles Times" хабар дод, ки мақомоти Чин як барномаеро, ки барои вуруд ба сомонаҳои аз тарафи ҳукумати Чин манъшуда мавриди истифода қарор мегирифт, бартараф намуданд.
XS
SM
MD
LG