Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: 40% тоҷикон қонунро муроот намекунанд


Раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский

Раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский

Раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский мегӯяд, садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ муқаррароти будубош дар Русияро риоят накарда, беш аз мӯҳлат дар ин кишвар боқӣ мемонанд. Ба қавли Ромодановский дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебарад, ки 40 дар сади онҳо беш аз мӯҳлати муқарраршуда дар Русия мондаанд.
Рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри маскав Ромодановский илова кард, ки сину соли камаш 600 ҳазор муҳоҷири тоҷики муқими Русия аз 30-сола поин аст.
Раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия умед дорад, ки ба зудӣ қонуни нави манъи вуруди муҳоҷирони хилофкор ба ҳукми иҷро медарояд. Ромодновский афзудааст, ки ин қонунро Шӯрои федералӣ-маҷлиси болои парламенти Русия тасдиқ кардааст ва бар пояи он ҳар муҷоҷире, ки дар хоки Русия ба хилофкорӣ роҳ медиҳад, дар давоми се соли баъдӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешавад. Моҳи октябр муовини аввали раиси хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Екатерина Егорова гуфта буд, ки феълан дар Русия тахминан севу ним миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG