Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилҳои марги сарбоз дар Суғд муайян мешаванд


Маросими хоксупории Аламшоҳ Муҳсинов, сарбози як қисми ҳарбии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки бо сабабҳои номаълум даргузаштааст, имрӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Афғонои ноҳияи Рӯдакӣ, баргузор мешавад.

Сиряшо Раҳматов, яке аз наздикони Аламшоҳ Муҳсинов рӯзи 28 декабр ба "Озодӣ" гуфт, ки додарзодааш Аламшоҳ дар моҳи октябр ба қисми ҳарбии вилояти Суғд ба хизмати артиш даъват шуда буд. Ба қавли наздикони Аламшоҳ Муҳсинов, се рӯз қабл бо вай тариқи телефон суҳбат карда буданд ва аҳволаш хуб буд ва ҳеҷ шикоят аз саломатиаш надошт, аммо шаби гузаштаи 27-уми декабр, ҷасади вайро ба хона оварданд.

Сияршо Раҳматов мефзояд, ки дар бораи сабаби марги додарзодааш ҳеҷ чиз намедонад ва имрӯз пас аз намози ҷумъа маросими хоксупории сарбози ҷавон Аламшоҳ Муҳсинов дар зодгоҳаш деҳаи Авғонои ноҳияи Рудакӣ 5 километрии пойтахт баргузор мешавад.

Аммо дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳанӯз онҳо аз ин ҳодиса иттилоъ надоранд ва ваъда доданд, ки дар лаҳзаҳои наздик маълум хоҳанд кард. Ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати дифоъ, дар вилояти Суғд қисмҳои ҳарбии неруҳои сарҳадӣ, умури дохила, Горди миллӣ ва вазорати дифоъ вуҷуд доранд. Аммо рушан нест, ки Аламшоҳ Муҳсинов дар кадоме аз аз қисмҳои ҳарбии ин неруҳо хизмат мекард.
XS
SM
MD
LG