Пайвандҳои дастрасӣ

Барандаи ҷанги аввали Халиҷ даргузашт


Генерали амрикоӣ Норман Швартскопф, ки соли 1991 дар ҷанги аввали Халиҷ фармондеҳи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ буд, дар синни 78 даргузашт. Нирӯҳои эътилоф дар он ҷанг нирӯҳои Ироқи Саддом Ҳусейнро аз Кувайт берун андохтанд. Ҷорҷ Буши калонӣ, ки дар даврони ҷанги аввали Халиҷ раисиҷумҳури Амрико буд, дар баёнияе Швартскопфро «ватанпарасти асили амрикоӣ ва яке аз фармондеҳони бузурги насли худ» номид ва гуфт, даргузашти генерал ӯву ҳамсараш Барбараро мотамзада кардааст. Швартскопф ибтидо дар ҷанги Ветнам ҳамчун сарбоз ҷангида, то поёни карераи низомиаш то ба мақоми фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико сабзид.
XS
SM
MD
LG