Пайвандҳои дастрасӣ

Обама имрӯз бо раҳбарони Конгресс мулоқот мекунад


Интизор меравад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо аъзои Конгресс охирин музокироти мумкин ба манзури пешгирӣ аз буҳрони нави иқтисодиро доир кунад. Кохи Сафед гуфт, Обама рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед бо раҳбарони фирқаҳои аҳзоби демократ ва ҷумҳурихоҳи Сенат ва Маҷлиси намояндагон мулоқот хоҳад кард. Ин мулоқот дар ҳолест, ки баъди ҳамагӣ 4 рӯз давлати Амрико метавонад дучори “шикофи молиётӣ” шавад. Дар ғайри сурати тавофуқ, бо ҳадафи кам кардани касри бузурги будҷа як силсила коҳиши хароҷот ва афзоиши молиёт ба маблағи беш аз 600 миллиард доллар ба сурати автоматӣ ба иҷро медароянд, ки метавонанд иқтисоди Амрикоро дигарбора бо хатари пасрафт рӯбарӯ кунанд.
XS
SM
MD
LG