Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба қонуни афв вето гузошт


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ
Раисиҷумҳури Гурҷистон ба қонуни афве, ки мухолифинаш дар парлумон қабул карданд ва раҳоии беш аз 3000 маҳбус аз зиндонҳои ин кишварро дар назар дошт, вето гузошт. Михаил Саакашвилӣ инро ки вакилони парлумон ҳудуди 200 зиндониро маҳбуси сиёсӣ нишон додаанд, ба танз кашид ва гуфт, ин Гурҷистонро як диктатура нишон медиҳад, ки ҷиддӣ нест. Ӯ афзуд, ин қонун афви бачабозҳо, афроди маҳкумшуда ба ҷосусӣ ба фоидаи Русия ва афсари муҷрим дар хиёнатро ҳам дар бар мегирифт. Мунтақидон аммо мегӯянд, бархе аз онҳо қурбонии таъқиботи сиёсии мақомоти тарафдори Саакашвилӣ мебошанд. Барои убури ветои президент 98 райъ лозим аст, вале бино ба хабарҳо, эътилофи Орзуи гурҷии сарвазир Бидзина Иванишвилӣ тавони ҷамъ овардани ин миқдор ороро дорад. Ин эътилоф дар интихоботи моҳи октябр ҳизби Саакашвилиро шикаст дод.
XS
SM
MD
LG