Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танҳо вазири зан дар ҳукумати Эрон барканор шуд


Марзия Ваҳиди Дастҷирдӣ

Марзия Ваҳиди Дастҷирдӣ

Телевизиони Эрон хабар дод, ки раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод вазири беҳдошт Марзия Ваҳиди Дастҷирдӣ, танҳо вазири зан дар кобинаашро барканор кардааст. Барканории ӯ дар ҳолест, ки вазорати беҳдошт ҳафтае пеш дар як баёния Бонки миллии Эронро ба иллати таъмин накардани пули воридоти даво аз хориҷ интиқод кард. Баёнияи вазорат мегуфт, ҳарчанд барои харидории дорувор пул намерасад, Бонки миллӣ асъорро барои воридоти ғизои ҳайвон, зини асп ва гарданбанди саг дареғ намедорад. Дарстҷирдӣ, бино ба хабарҳо, боло бурдани қимати баъзе давоҳоро пешниҳод карда буд, вале гуфта мешавад, ки Аҳмадинажод ба ин мухолиф буд ва вазирро барканор кард. Эрон ба маҳзи таҳримоти Амрикову ИА ба камбуди пул дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG