Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 миллион барои рекапитализатсияи Агроинвестбонк


Ҳукумати Тоҷикистон Агроинвестбонкро бо 200 миллион сомонӣ, муодили беш аз 40 миллион доллар, рекапитализатсия кардааст. Ба гуфтаи манобеъи “Азия Плюс”, ин иқдом ба хотири пӯшондани саҳми ин бонк дар иҷрои тарҳҳои давлатӣ, аз ҷумла таъмини молии иншооти муҳим дар соҳоти саноати сабук, чорводориву боғдорӣ ва мурғпарварист. Феълан дар Тоҷикистон 16 бонк, аз ҷумла 6 бонки хориҷӣ, амал мекунанд. Аз нигоҳи ҳаҷми сармояи ойинномавӣ, Ориёнбонк бо 300 миллион сомонӣ бузургтарин бонки кишвар ва Тоҷиксодиротбонк бо 250 миллион сомонӣ сармояи ойинномавӣ бонки дувуми Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG