Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як зан ба иллати сармо дар Қӯрғонтеппа


Субҳи 27 декабр дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ҷасади шахшудаи занеро пайдо кардаанд, ки ғолибан ба иллати сармо фавтидааст. Мақомот мегӯянд, феълан ҳуввияти ин занро ташхис мекунанд, вале ба гуфтаи шоҳидон, ӯ як зани бекасе буд, ки дар кӯчаҳои маркази вилояти Хатлон талбандагӣ мекард.
Дирӯз ҳаво дар Тоҷикистон дар пайи рехтани барф башиддат сард шуд. Ҳалокати ин зан нахустин мавриди фавти афрод дар Тоҷикистон ба иллати сармо дар зимистони имсола аст.
XS
SM
MD
LG