Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи сардиҳо баъди барфи дирӯза


Баъди барфи дирӯза ҳавошиносон барои имрӯз, 28 декабр, дар Тоҷикистон ҳавои умдатан абриро пешбинӣ мекунанд. Имрӯз рехтани барф танҳо дар водии Рашт дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ҳарорат дар Хоруғ 2 дараҷа ва дар Ғарм 1 дараҷа гарм шавад. Ҳаво дар водиҳо нисбат ба кӯҳистон сардтар омада, ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳаво дар Хуҷанд 6 дараҷаи сери сифр, дар Душанбеву Кӯлоб - 8 ва дар Қӯрғонтеппа то 9 дараҷа сард мешавад.
XS
SM
MD
LG