Пайвандҳои дастрасӣ

Фурудгоҳи Душанбе фаъолияташро аз сар гирифт


Тақрибан наздикии шом фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қабули ҳавопаймоҳо шурўъ кард. Парвозҳо низ аз сар гирифта шудааст. Дар ин бора сухнгӯи фурудгоҳ хабар дод.

Барои аз барф тоза намудани хати парвоз, ҷузутомҳои низомӣ ва техникаи зарурӣ сафарбар шуда буд. Ба хатҳои парвоз хока ё реагентҳои зидди лағшиш пошида шудааст.

Баъд аз бориши барфи зиёд ва вазиши боди сахт муваққатан қабули ҳавопаймоҳо ва парвозҳо аз ин фурудгоҳ манӯъ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG