Пайвандҳои дастрасӣ

Путин санади манъи фарзандхондиро имзо мекунад


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки вай омода аст, дар санаде, ки фарзанд хондани кӯдакони Русия барои шаҳрвандони Амрикоро мамнуъ мекунад, имзо монад.

Путин рӯзи панҷшанбе гуфт, вай бояд бо матни ниҳоии ин санад ошно шавад. Ин санадро Думаи Давлатӣ ба тасвиб расонд ва барои имзо ба раиси ҷумҳури пешниҳод кард.
Ин санад дар ҷавоб ба санади Амрико бо номи “Санади Магнитский” қабул шудааст.

Путин гуфтааст, чаро вай ин санадро имзо накунад. “Сабабе барои имзо накардани он вуҷуд надорад”.

Сергей Магнитский фаъоли ҳуқуқи башари Русия соли 2009 дар натиҷаи шиканҷа дар яке аз зиндонҳои ин кишвар ҷон дода буд.
XS
SM
MD
LG