Пайвандҳои дастрасӣ

Дастовардҳои варзишгаронро дар ҷаласаи ҳукумат ёдоварӣ карданд


Имрӯз ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур баргузор шуд. Дар ин ҷаласа, минҷумла, ҳисоботи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Маликшо Неъматов доир ба рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои раисиҷумҳур, ки зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20-уми декабри соли 2010-ум баён гардидаанд, шунида шуд.

Тавре дар ҷаласа зикр гардид, тибқи ин супоришҳо Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 қабул гардида, маблағгузории соҳа 2 баробар афзун шуд.

Дар доираи татбиқи барномаи мазкур ва ҳамчунин бо ташаббуси вазорату идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони фаъоли кишвар дар ҷумҳурӣ бо харҷи беш аз 242 миллион сомонӣ тақрибан 2400 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин аст, ки дар солҳои 2011-ум ва 2012-ум варзишгарони тоқик дар 131 мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, 641 медал, аз ҷумла 179 медали тилло, 188 нуқра ва 274 биринҷӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG