Пайвандҳои дастрасӣ

Ахзар Иброҳимӣ хостори тағири ҳукумат дар Сурия шуд


Ахзар Иброҳимӣ

Ахзар Иброҳимӣ

Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи байналмиллалӣ барои Сурия даъват кардааст, ки дар ин кишвар ҳукумати давраи гузор ташкил шавад ва он дорои “қудрати комили иҷроӣ” бошад.

Вай рӯзи панҷшанбе дар поёни боздиди панҷрӯзаи худ аз Сурия зимни суханони зуд дар Димишқ гуфт, танҳо “тағироти воқеӣ” метавонад хостҳои мардуми оддии Сурияро бароварда созад.

Қабл аз суханони Иброҳимӣ субҳи рӯзи панҷшанбе Александр Лукашевич-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки дархостҳо дар бораи сарнагунии Башор Асад бо мувофиқатномаҳои байналмиллалӣ мутобиқат намекунад.
XS
SM
MD
LG