Пайвандҳои дастрасӣ

Сабабҳои лату кӯби муовини имомхатиби Масчоҳ таҳқиқ мешавад


Усмонбег Бобоҷонов ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи поёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 27 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки як гурӯҳи ҷавонони ин деҳа вайро ғофилгир ва лату кӯб кардаанд. Ҳоло вай дар бемористони вилоятии шаҳри Хуҷанд муолиҷа мегирад.

Баҳодур Идиев-муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳоло якҷо бо додситонии ноҳия асноди зарурӣ барои боз кардани парванда алайҳи гурӯҳи ҷавононе, ки даст ба ин амал задаанд, омода кардаанд.

Ба қавли Баҳодур Идиев, гурӯҳи ҷавонони ҳамин деҳа, ки узви Кумитаи маҳалла, яъне созмони мустақили тозатаъсис дар деҳа мебошанд, даъво кардаанд, ки бидуни машварат бо онҳо дар деҳаи Эсизи поён масҷид бунёд мешавад.

Кормандони умури дохилаи ноҳия бо Ҳусейн Ҳусейнов-раиси Кумитаи маҳалла, ки аз ду сол ба ин сӯ фаъол аст, суҳбат намуда сабабҳои ин ҳодисаро рушан кардаанд.

Вай гуфтааст, ки ҷавонон худсарона амал намудаанд. Ҷавонон 22 декабр барои машварату маслиҳат нанамудан бо онҳо барои сохтмони масҷиди деҳа имомхатиб Усмонбег Бобоҷонро шабонгоҳ ба гушае даъват карда латту куб кардаанд.
XS
SM
MD
LG