Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯҳистони Масчо ноиби имомхатибро латту кӯб кардаанд


Усмонбек Бобоҷонов
Усмонбек Бобоҷонов

Ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи Кӯҳистони Масчо мегӯяд, аз тарафи як гурӯҳ ҷавонон мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.

Усмонбек Бобоҷонов, ноиби имомхатиби масҷиди Эсизи поёни ноҳияи Кӯҳистони Масчо, аз тарафи як гурӯҳ ҷавонони ин деҳа мавриди латту кӯб қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарист ва мегӯяд, ба ин ҷо бо тавсияи маъмурони пулис ва амниятӣ омадааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо мо латбу кӯб шуданаш аз сӯи чанд ҷавонро чунин нақл кард: "Рӯзи 22-юми декабр писари ҳамдеҳаам Пир Ризоев маро барои сӯҳбат даъват дорад. Вақте ба ҷойи таъингашта рафтам, вай аз паси девор ба паси сарам зад. Баъд одамони бисёр давида омаданд ва 4-5 нафари онҳо маро носазо гуфта, зери зарби мушту лагад кашиданд."

Як табиби шӯъбаи осебшиносии бемористони вилоятӣ дар Хуҷанд гуфт, Усмонбек Бобоҷонов, муовини имомхатиби масҷиди Эзиси Кӯҳистони Масчо аз мағзи сар ва ноҳияи чашми чап ва манаҳаш зарб хӯрда, ҳоло вазъи саломатиаш миёна аст. Ӯ илова кард, ҷароҳатҳои Бобоҷонов мавриди ташхиси додгоҳиву тиббӣ қарор гирифта, хулосаи ниҳоиро ҳамин ниҳод ба мақомоти тафтишотӣ пешниҳод хоҳад кард.

Баҳодур Идиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Кӯҳистони Масчо, низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, гурӯҳи ҷавонони деҳа, ки шомили Кумитаи маҳалла (созмони мустақили тозатаъсис дар деҳа) мебошанд, даъво кардаанд, ки бидуни машварат бо онҳо дар деҳаи Эсизи поён масҷид бунёд нагардад. "Аз сабаби он ки бунёди масҷид бидуни машварат бо онҳо оғоз шудааст, хашми ҷавонон омадааст",-гуфт ӯ.

Ҳусейн Ҳусейнов, раиси Кумитаи маҳалла, ки ду сол боз дар деҳаи Эсизи поён фаъолият мекардааст, дар суҳбат бо кормандони мақомот гуфта, ки ҷавонон худсарона амал намудаанд ва бояд мувофиқи кори худ ҷазо гиранд. Бо ин ҳол, Баҳодур Идиев, муовини сардори Шӯъбаи умури дохилии Кӯҳистони Масчо бовар дорад, асли ҳодиса хусумати гурӯҳист, ки тайи чанд соли ахир дар як деҳаи кӯчак густариш ёфта, бо латту кӯби ноиби имом-хатиб анҷомидааст. Ӯ илова кард, мақомот ва пиронсолони деҳа талош доранд, сабабҳои аслии рух додани ин воқеаро рӯшан кунанд ва барои дубора сар назадани он чораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло ба қавли Баҳодур Идиев, сохтмони масҷиди нав идома дорад ва мардуми деҳа бо ҳашар ва имконоти худ онро бунёд мекунанд. Деҳаи Эсизи поён дар Кӯҳистони Масчо аз рустоҳои кӯчак ба шумор рафта, дар он ҳудуди 800 нафар зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG