Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Тоҷирон: "Қувватов бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд"


Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гуруҳи 24"

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гуруҳи 24"

Раҳбарияти ширкати "Тоҷирон" Умаралӣ Қувватовро дар дуздии амволи ширкатҳои маъруфи афғониву чинӣ муттаҳам кардааст.

Файзулло Ғуломов, раиси ширкати "Тоҷирон", раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватовро, ки ҳамакнун дар Дубай боздошт шудааст, ба дуздии амвол муттаҳам мекунад. Дар матни мусоҳибае, ки бегоҳи 26-уми декабр аз тарафи дафтари матбуотии ин ширкат дастраси мо шуд, Ғуломов мегӯяд, "Қувватов дар баробари "Тоҷирон", ширкатҳои муваффақи афғонӣ, ба мисли "Газинфар групп", "Зулфиқор Ҳақёр", "Ҷовид Ҷайҳун", ширкати амрикоии "Доунренҷ"-ро ба маблағи миллионҳо доллар фиреб додааст."

Дар идомаи матни мусоҳиба Файзулло Ғуломов мегӯяд, раҳбари "Гурӯҳи 24" ба бовари масъулини ширкати чинии "Гуоруи Ксинҷан" даромада, 30 мошини контейнерӣ ва 10 мошини бензинкаши онҳоро гирифта, на мошин ва на маблағашонро барнагардондааст. "Ин ширкат на танҳо ба ниҳодҳои чинӣ, балки ба Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ муроҷиат кардааст",-афзудааст раиси ширкати "Тоҷирон".

Ба ин суол, ки маблағҳои аз худкардаи Қувватов ба куҷо равона мешуданд, Ғуломов ҷавоб додааст, ки ӯ бо ин ҳама маблағҳо, зиндагии шоҳона мекард: "Панҷ зан дорад. Ин танҳо онҳоеянд, ки ман мешиносам. Чандин қасрҳоро сохт. Инчунин баъзе машғулиятҳои ғайриинсонӣ дошт, ки номбар карданашон аз рӯи одоб нест."

Раиси ширкати "Тоҷирон" ин хабарҳоро, ки гӯиё Умаралӣ Қувватов яке аз муассисони ин ширкат мебошад, "миф" хондааст: "Тамоми асноди ҳуқуқӣ, ки дар Вазорати адлия ва Кумитаи андоз ҳам маҳфузанд, баёнгари онанд, ки Қувватов ягон вақт муассис ё роҳбари ширкати "Фароз" ё "Тоҷирон" набудааст."

Аммо мегӯяд Ғуломов, онҳо бо Қувватов 5-6 сол пеш, замоне ки ширкаташон дар Афғонистон кор мекард, шинос шудаанд ва Қувватов миёни ширкати «Тоҷирон»-у шарикони афғон ҳамчун миёнарав кор мекардааст: "Қувватов "Тоҷирон»-ро бо ахбори муҳиму манфиатовар таъмин намуда, бо мурури замон ба боварии ин ширкат даромад. Ӯ аз боварии мо барои ғаразҳои шахсиаш сӯиистифода карда, ба ширкат зиёни молию маънавӣ расонд."

Дар бораи омилҳои тарки Тоҷикистон кардани Қувватов, раиси ширкати «Тоҷирон» мегӯяд, ӯ барои гурез аз таъқиби қарздоронаш ба хориҷа рафтааст: "Ин ки Қувватов мегӯяд, аз ӯ тиҷораташро кашида гирифтаанд ва ӯ маҷбур шудааст, Тоҷикистонро тарк кунад, нодуруст аст. Ӯ аслан тиҷорате надошт ва аз қарздорону шахсоне, ки фиребашон карда буд, гурехт. «Тоҷирон» ҳамкориро бо Қувватов ҳанӯз моҳи феврал, 4 моҳ пеш аз гурезаш, қатъ карда буд."

Дар мавриди изҳороти Қувватов, ки гуфта буд бисёриҳо мехоҳанд, ӯро нест кунанд, Ғуломов таъкид намудааст, ки ин аз эҳтимол дур аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, "ширкату одамони зиёде, ки Қувватов аз онҳо қарздор аст, аз марги ӯ манфиатдор нестанд ва ӯро чун «гавҳараки чашм» нигоҳ медоранд, то маблағҳояшонро бозпас гиранд. Шахсан ширкати «Тоҷирон» манфиатдор аст, ки Қувватов зиндаю саломат дар назди додгоҳ ҷавоб гӯяд ва зиёни моро ҷуброн кунад."

Дар робита ба фаъолияти сиёсии Қувватов, ки имрӯз «Гурӯҳи 24» ташкил карда, худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон эълон намудааст, Ғуломов мегӯяд, ба ҳамин восита Қувватов қасд дорад, паноҳгоҳ ва ҳимояи сиёсӣ дарёфт намояду фиребкориҳои иқтисодиашро рӯйпӯш созад: "Аммо имрӯз бисёриҳо аллакай дарк кардаанд, ки Қувватов на сиёсатмадор, балки фиребкори одист. То ҷое медонем, ӯ ҳатто маълумоти миёнаи пурра надорад ва ба ҳар чӣ бовар мекунад. Мо наворҳои кору гуфторҳои Қувватовро дорем, ки одами солимфикр онҳоро намекунад. Ба ёдам аст, ки чанд сол пеш ниҳодҳои қудратӣ ба мо муроҷиат карданд, ки гӯиё кормандатон аз Афғонистон ғайриқонунӣ, пешвояш, «ҳазрати пир»-ро ба Тоҷикистон овардааст. Ӯ эълон кардааст, ки пираш рӯҳи гузаштагонро аз азоби дӯзах халос мекунад ва аз сатҳи пасти дониши мардуми навоҳӣ истифода карда, аз онҳо пул ҷамъ мекардааст. Дар ноҳияи «Шаҳринав» ин «ҳазрати пир» духтари 14-солаеро дида, ба волидонаш гуфтааст, ин духтарак бемории маргбор дорад ва ягона роҳи халосиаш издивоҷи ӯ бо ин пирамард аст."

Умаралӣ Қувватов тобистони соли ҷорӣ бо ташкили "Гурӯҳи 24" дар Русия ҳамчун мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ӯ аз ҳукумат хост, дар интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон ширкат наҷӯяд. Ӯ рӯзи 23-юми декабр дар фурудгоҳи Дубай аз сӯи маъмурони амниятии ин кишвар боздошт шуд. Гуфта мешавад, ин боздошт бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифта, Қувватов барои дуздии шаш миллион доллар муттаҳам мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG