Пайвандҳои дастрасӣ

Кавазович барои унвони беҳтарин мураббии Сербия севум шуд


Никола Кавазович

Никола Кавазович

Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби футболи Тоҷикистон, дар назархоҳии торнамои варзишии sportske.net барои унвони “Беҳтарин мураббии Сербия-2012” севум шуд.

Ба ҷуз Никола Кавазович боз панҷ нафари дигар - Александр Станоевич («Пекин Гуоан», Чин), Драгомир Окука («Тзянсу Сэйнти», Чин), Мирослав Ҷукич («Валядолид», Испания), Иван Йованович («АПОЭЛ», Кипр) ва Славолюб Муслин («Краснодар», Русия) муддаиёни ин унвон буданд.

Бояд гуфт, ки сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба рӯйхати номзадҳо ба унвони мураббии соли Сербия ҳамчун ягона мутахассиси сербиягӣ дохил шуда буд, ки ҷоизаи қитъавӣ – Ҷоми раиси АФК-ро бо тими «Истиқлол» ба даст овардааст.

Назарпурсӣ дар ду давр баргузор шуд. Дар даври аввал Никола Кавазович бо 46 овоз мақоми севумро касб кард. Вай аз Славолюб Муслин (9 овоз), Иван Йованович ва Драгомир Окука (ҳарду 7-овозӣ гирифтанд) пеш гузашт.

Дар даври аввал сармураббии бошгоҳи футболи «Пекин Гуоан»-и Чин Александр Станоевич аз ҳама бештар – 198 овоз гирифт. Сармураббии бошгоҳи «Валядолид»-и Испания Мирослав Ҷукич (136) дар ҷойи дувум буд.

Дар даври дувум раъйдиҳандагон аз байни се финалисти даври аввал беҳтарин мураббии Сербияро дар соли 2012-ум муайян карданд. Дар даври ҳалкунанда низ Александр Станоевич (248 овоз) ғолиб шуд ва ба унвони “Беҳтарин мураббии Сербия-2012” мушарраф гашт. Мирослав Ҷукич (102) дувум ва Никола Кавазович (37) севум шуданд. Бояд гуфт, ки худи Кавазович ба ҳамкасбаш Ҷукич раъй додааст.

Никола Кавазович дар торнамои бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе гуфтааст, “ман аз ҳамаи онҳое, ки ба ман овоз додаанд, ташаккур мегӯям. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар Сербия мухлисони дастаи “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон бисёранд. Ман хеле хушҳолам, ки дӯстдорони футбол дар Сербия дар бораи футболи тоҷик бисёр чизро медонанд. Тоҷикистон ватани дувуми ман аст. Ман бо ин ифтихор дорам!”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG