Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш таҳти табобати шадид қарор доштааст


Ҷорҷ Буши калонӣ
Ҷорҷ Буши калонӣ
Раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ дар бемористони Ҳюстони аёлати Техас таҳти табобати шадид қарор доштааст. Сухангӯи президенти 41-уми Амрико Ҷим МакГраф гуфт, Буши 88-соларо “дар пайи як силсила маризиҳо, аз ҷумла таби пайваста, таҳти чунин табобат қарор доданд." Ӯ аз 23 ноябр дар бемористон буда, зоҳиран то поёни Иди Мавлуди Масеҳ инҷо хоҳад монд. Ҷорҷ Буши калонӣ солҳои 1989-1993 раисиҷумҳури Амрико буд. Ӯ дар интихоботи соли 1992 аз Билл Клинтон шикаст хӯрд. Аммо баъди 8 соли раҳбарии Клинтон Кохи Сафед насиби писари Буши калонӣ –Ҷорҷ Буши хурдӣ шуд, ки 8 сол бар Амрико ҳукумат ронд.
XS
SM
MD
LG