Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дубораи роҳиби эронӣ Юсуф Нодирхонӣ


Роҳиби эроние, ки дини масеҳиро пазируфта, баргаштан аз онро радд кардааст, ахиран дубора боздошт шуд. Бино ба хабарҳо, Юсуф Нодирхониро барои идомаи адои ҳукми пешинаш ба зиндони Рашт дар шимоли Эрон баргардондаанд. Додгоҳ дар моҳи сентябр иттиҳоми баргаштан аз дин алайҳи Нодирхониро лағв, вале 3 сол ҳукми ӯ бо ҷурми ба сӯи Инҷил даъват кардани мусалмононро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Роҳиб баъди адои бахши аъзами ҳукмаш дар баҳои пули гарав озод шуда буд.
Ҳафтаи гузашта, Маркази амрикоии қонуну адолат эълом кард, ки Эронроҳиби эрониву амрикоӣ Саид Обидинро, ки низ аз Ислом ба Масеҳият гаравидааст, аз моҳи сентяр ба ин сӯ боздошт кардааст. Иттиҳомоти алайҳи Обидин рӯшан нест, вале бино ба хабарҳо, ӯ дар зиндони Эвини Теҳрон аст.
XS
SM
MD
LG