Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи мотами қурбониёни сониҳа дар Қазоқистон


Турганбек Стамбеков

Турганбек Стамбеков

Имрӯз дар Қазоқистон бо фармони раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев ба ёди 27 қурбонии сониҳаи ҳавопаймои боркаши марбут ба нирӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи мотам эълон шудааст. Дирӯз гурӯҳҳои наҷот “қуттии сиёҳ”-и ин ҳавопайморо, ки рӯзи сешанбе ҳангоми талоши нишастан дар фурудгоҳи Шимкент дар ҷануби Қазоқистон суқут кард, пайдо карданд. Дар ин сониҳа 27 нафар, аз ҷумла фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Турганбек Стамбеков ва ҳамсари ӯ, ҳалок шуданд. Мақомот умедворанд, ки сабтҳои “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймо иллати сониҳаро рӯшан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG