Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Мурсӣ аз Қонуни асосии ҷадид


Раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ бо истиқбол аз Қонуни асосии ҷадид, ки ёрони исломгарои ӯ таҳия кардаанд, гуфт, ин санад ба кишвар субот хоҳад овард. Мурсӣ дирӯз дар нахустин паёми телевизиониаш баъд аз тасвиби Қонуни асосӣ гуфт, мардуми Миср ин дастурро дар як райъпурсии “комилан шаффоф” тасвиб карданд. Натоиҷи расмии дирӯз нашршуда ҳокист, ки аз ин тарҳ 63,8 дарсад ҳимоят кардаанд, вале дар райъпурсии Қонуни асосӣ ҳамагӣ сеяки 52 миллион мардуми соҳиби ҳаққи райъи Миср ширкат доштанд. Мурсӣ Қонуни асосиро рӯзи чоршанбе имзо карда, аз тамоми нирӯҳои сиёсӣ хост, то дар муколама ба хотири ваҳдати миллӣ ширкат кунанд. Аммо мухолифин ин Қонуни асосиро радд карда, мегӯянд, ки он озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи занону ақалиятҳои замонат намедиҳад.
XS
SM
MD
LG