Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни Дима Яковлев дар посух ба Қонуни Магнитский


Русия ба фарзандӣ хондани тифлонашро барои амрикоиҳо манъ кард. Вошингтон сиёсӣ кардани сарнавишти кӯдаконро "ғалат" номид.

Вазорати умури хориҷии Амрико аз тасвиби қонуни зиддунақизе, ки ба фарзандӣ хондани атфоли русро барои атбои Амрико манъ мекунад, изҳори таассуф кард.

Питер Веласко, сухангӯи ин вазорат дар Вошингтон гуфт, ин иқдоми парлумони Русия "ғалат" аст: «Аз соли 1992 ба ин сӯ хонаводаҳои амрикоӣ беш аз 60 000 тифл аз Русияро ба хонаҳои худ пазируфта, барои онҳо имкони тарбия ва нумӯъ дар муҳити хонаводагиро фароҳам сохтанд. Қонуне ки парлумони Русия аз он пуштибонӣ кард, тифлони зиёдеро аз чунин имкон маҳрум месозад. Мо изҳори таассуф мекунем, ки парлумони Русия ба ҷои иҷрои созишномаи дуҷонибаи фарзандхонӣ, ки мо моҳи ноябр такмилаш кардем, чунин иқдом кард. Бо мулоҳизоти сиёсии номарбут пайвастани сарнавишти кӯдакон кори ғалат аст.»

Маҷлиси болоии парлумони Русия рӯзи чоршанбе ин қонуни зиддунақизро бо иттифоқи оро тасвиб кард. Раиси Шӯрои Федеросиюн Валентина Матвиенко гуфт, аз тарҳи пешниҳодӣ ҳамаи 143 вакили ҳозир дар толор пуштибонӣ карданд. Ин қонуни ҳамчун иқдоми ҷавобӣ ба тасвиби Қонуни Магнитский, ки афроди дахил дар ҳалокати 3 сол пеши вакили мудофеъ Сергей Магнитский дар боздоштгоҳи Маскавро таҳти таҳримоти Амрико қарор медиҳад, таҳия шудааст. Думаи давлатӣ - маҷлиси поёнии парлумони Русия қонуни манъи фарзандхониро, ки дар Русия ба номи як тифли руси 4 сол пеш ба иллати бепарвоии волидони нави амрикоияш фавтида Қонуни Дима Яковлев ҳам номаш мебаранд, қаблан тасвиб карда буд ва он акнун барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳур Владимир Путин ироа мешавад.

Андрей Клишас, вакили Шӯрои Федеросиюни Русия дар шарҳи нуктаҳои муҳими ин қонун ба хабарнигорон гуфт: «Ба фарзандӣ хондани кӯдаконе, ки шаҳрванди Русияанд, барои шаҳрвандони Амрико манъ шуда, ҳамин тавр, фаъолияти ниҳодҳо ва созмонҳое ҳам, ки ба раванди фарзандхонии атфоли шаҳрванди Русия ба атбоъи Амрико кумак мекунанд, манъ мешавад.»


Руслан Гаттаров
Руслан Гаттаров
Вакили дигари Шӯрои Федеросиюн Руслан Гаттаров пинҳон накард, ки қонуни Дима Яковлев мушаххасан посух ба Қонуни Магнитский аст, ки дар Амрико алайҳи мақомҳои Русия тасвиб кардаанд: «Қонуни Дима Яковлев як посухи пурэҳсос ба Қонуни Магнитский аст, ки бисёре аз меъёрҳои байналмилалиро поймол мекунад. Ин як посухи ҳамвазни Русия ба он Қонун аст.»

Мунтақидон мегӯянд, маҳз ятимони Русия қурбонии асосии ин қонуни манъи фарзандхонӣ хоҳанд шуд. Рӯзи чоршанбе дар ҷараёни эътирозҳо дар Маскав чандин тазоҳургар боздошт шуданд.

Ҳунарпешаи маъруфи синамои Русия Константин Хабенский ҳатто ба маросими эътои ҷоизаҳову нишонҳои давлатӣ дар Кремл нишоне дар сари сина омад, ки дар он ҳадафмандона “Кӯдакон – хориҷ аз сиёсат” навишта шуда буд. Хабенский гуфт, ин мавзӯъро ҳангоми гирифтани нишони давлатӣ бо Путин алоҳида матраҳ накардааст, вале мутмаин аст, ки президент аз нишони сари синааш аз дидгоҳи ӯ дар ин мавзӯъи ҳассос огоҳ шуд.

Ҳунарманди дигари маъруф Михаил Жванетский, ки низ дирӯз дар Кремл ба унвони Ҳунарманди мардумии Русия мушарраф шуд, ба Озодӣ гуфт, дар паси ин ҳама моҷаро касеро дар асл парвои сарнавишти тифлони ятим нест. САДО Жванетский гуфт, “ҳама медонанд, ки Қонуни Магнитский мақомҳои фосидро вориди рӯйхати сиёҳи Амрико мекунад, вале чаро баҳои аз ҳаққи сафар ба Амрико маҳрум шудани чанд мақоми интизомии Русияро бояд ин тифлони маъсум бипардозанд?”

ЮНИСЕФ – Сандуқи кӯдаки СММ ҳам аз Маскав даъват кардааст, то дар тасмимгириҳояш “танҳо ва танҳо рӯи манфиати кӯдакон бияндешад.”
XS
SM
MD
LG