Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи Шӯрои федералии Русия ба қонуни Магнитский


Маҷлиси болоии парламенти Русия-Шӯрои федералӣ қонуни баҳсбарангези манъи фарзандҳонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрҳвандони Амрикоро бо ҳамраъйӣ тасвиб кард. Акнун ин санад барои имзо рӯи мизи президенти ин кишвар Владимир Путин гузошта мешавад.
Қонуни Русия ҷавоб ба қабули Қонуни Магнитский мебошад, ки моҳи равон дар ИМА ба тасвиб расид. Вакили мудофиа Сергей Магнитский, ки бо фасод мубориза мебурд, дар соли 2009-ум дар маҳбас ба ҳалокат расидааст. Қонуни Магнитский таҳрими мансабдорони руси муттаҳам бо поймол намудани ҳуқуқи башарро мадди назар дорад.
Мухолифини қонуни ҷавобии Русия мегӯянд, ин санад ятимони русро аз имкони дарёфти ҳаёти беҳтар маҳрум мекунад. Рӯзи чоршанбе бар зидди қабули қонун дар рӯ ба рӯи бинои Маҷлиси федералии Русия гирдиҳамоиҳои эътирозӣ доир шуданд, вале полис эътирозгаронро боздошт намуд.
XS
SM
MD
LG