Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

МН тарҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва НАТО-ро тасвиб накард


Дар Иҷлосияи навбатии рӯзи чоршанбеи Маҷлиси Намояндагон, тарҳи «Созишнома байни Тоҷикистон ва ташкилоти таъминоти фаннии НАТО оид ба татбиқи масъалаҳои амнияти физикӣ ва идоракунии захираҳои аслиҳа» мавриди баррасии вакилон қарор дода шуд, аммо аз тарафи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намоянадагон, барои баррасии иҷлосияи баъдӣ баргардонида шуд.
Хабарнигори «Озодӣ» дар парлумон мегӯяд, ки тарҳи созишномаи мазкур аз тарафи Вазорати дифоъ таҳия карда шуда ва барои баррасии вакилон пешниҳод шуд.
Аммо намояндаи вазорати дифоъ ҳангоми ироаи матни тарҳи созишнома ба суолҳои бархе аз вакилон оид ба банду фаслҳои он посухи қонеъкунанда дода натавонист ва илова ба он, тарҷумаи матни тарҳи мазкур бо иштибоҳ тарҷума шуда ва аз ин рӯ аз тарафи вакилон ба тасвиб нарасид.
Матни тарҳи мазкур аз забони англисӣ ва фаронсавӣ тарҷума карда шудааст, вале ба қавли вакилон, аксари банду фаслҳои он фаҳмо ва рӯшан нестанд.
Бо дар назардошти ин, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон баррасии тарҳи мазкурро ба иҷлосияи навбатӣ вогузошт ва ҳамин тавр тарҳи «Созишнома байни Тоҷикистон ва ташкилоти таъминоти фаннии НАТО оид ба татбиқи масъалаҳои амнияти физикӣ ва идоракунии захираҳои аслиҳа», мавриди баррасии вакилон қарор гирифт, аммо ба тасвиб нарасид
XS
SM
MD
LG