Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон:Занони рус барои ҳиҷобпӯшӣ пул намегиранд


Афсарони полис ба занони эронӣ ҳушдор медиҳанд, ки муйсарашонро дар зери рӯсарӣ пинҳон кунанд

Афсарони полис ба занони эронӣ ҳушдор медиҳанд, ки муйсарашонро дар зери рӯсарӣ пинҳон кунанд

Эрон мегӯяд, ба хотири пӯшидани ҳиҷоб ба занони руси машғул дар нерӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр маоши иловагӣ тақдим накардааст. Сайид Маҳдӣ Мусавинажод-узви маҷлиси қонунгузори Даштистони вилояти Бушаҳр, мегӯяд, тибқи қарордод барои занони русе, ки дар нерӯгоҳи Бушаҳр ифои вазифа мекунанд, маоши иловагӣ барои ҳиҷобпӯшӣ муқаррар шудааст, вале онҳо ин дастурро иҷро намекунанд. Дар ҷавоб ба ин шикоят рӯзи чоршанбе муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳасан Қашқавӣ гуфт, на занони руси машғул дар Бушаҳр ва на кадом зани хориҷии дигаре ба хотири пӯшидани ҳиҷоб дар Эрон маоши иловагӣ намегиранд. Ба қавли Қашқавӣ занони руси машғул дар Бушаҳр ҳам бояд тибқи меъёрҳои ахлоқии Эрон либос пӯшанд. Бар пояи қонунҳои Эрон сарфи назар аз дину оин ва шарҳвандӣ занон бояд мӯи сар ва бахши бузурги баданашонро пинҳон кунанд.
XS
SM
MD
LG