Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 27-уми декабр аз вуруди нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Афғонистон, 33 сол пур мешавад.

Тақрибана тамоми афғонҳо ба ин боваранд, ки сарчашмаи мушкилоти мавҷуда дар Афғонистон, таҷовузи Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1979 ба ин кишвар аст. Сарбозони Артиши Сурхи шӯравӣ 33 соле пеш бо васоили пешрафтаи низомӣ аз тариқи ҳаво ва замин вориди Афғонистон шуданд.

Коршиносони афғон мегӯянд, ки таҷовузи шӯравии пешин асарони ногувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Афғонистон ба ҷо монда ва ҳамин масъала заминаро барои мудохилаи кишварҳои ҳамсоя дар ин кишвар фароҳам сохт.

Абдулборӣ Рошид, таҳлилгари афғон мегӯяд, ки таъсироти ин таҷовуз то кунун низ дар Афғонистон ба мушоҳида мерасад ва мумкин аст то солҳои дигар низ эҳсос шавад: «Баъд аз омадани шӯравӣ ва муқобила ва муқовимати мардуми Афғонистон дар баробари онон, харобиҳо дар тамоми арсаҳои фарҳангӣ, идорӣ, иқтисодӣ ва ҳама бахшҳои таъсири ҷиддӣ доштанд. Ин бадтарин мусибат дар таърихи Афғонистон буд.»

Таҷовузи артиши шӯравӣ садҳо ҳазор афғонро паноҳанда кард.

Таҷовузи артиши шӯравӣ садҳо ҳазор афғонро паноҳанда кард.

Сиву се сол қабл 25000 ҳазор сарбози шӯравӣ, ки бо таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ муҷаҳҳаз буданд, ба якборагӣ вориди Афғонистон шуданд. Аммо гуфта шудааст, ки сипас шумори ин сарбозон ба бештар аз сад ҳазор афзоиш ёфт.

Бо ворид шудани сарбозони артиши шӯравӣ ба Афғонистон, Ҳафизуллоҳ Амин, раиси ҷумҳури вақти Афғонистон кушта шуд ва Бабрак Кормал ба қудрат расид. Оқои Кормал шикасти режими Ҳафизуллоҳ Аминро аз тариқи радиои Тошканд чунин эълон кард: «Бабрак Кормал аз тариқи Кумитаи марказии ҳизби воҳиди Демократики халқи Афғонистон ба муносибати суқути маргбор ва вожгун шудани режими фашистии Ҳафизуллоҳ Амин, ин ҷосуси саффоки (хунхор) имперализми Амрико ва диктатори ҷаббор ва авомфиреб, ба шумо ватандорони азобдида дуруд мефирастам.»

Сарбозони шӯравӣ шабҳангом вориди шаҳри Кобул шуданд ва фардои он шаб бошандагони Кобул шоҳиди ҷобаҷоии ин сарбозон ва тонкҳо ва соири таҷҳизоти онон дар ҷодаҳои шаҳр буданд. Афғонҳо бар алайҳи ин таҷовуз аксуламали ҷиддӣ нишон дода ва тақрибан ҳама вилоятҳои Афғонистон шоҳиди эътирозҳои мардуми бар зидди низомиёни шӯравӣ буданд. Ба ҳамин тартиб садҳо ҳазор афғон маҷбур ба муҳоҷират ба кишварҳои ҳамсоя шуданд, уламои дин ҷиҳод эълон карданд ва низ муборизаҳои мусаллаҳон алайҳи ҳукумати вақти Афғонистон оғоз гардид.

Сулаймон Лоиқ, яке аз мақомҳои ҳукумати коммунистии вақт дар Афғонистон ҳарчанд мепазирад, ки сарбозони шӯравии собиқ ба даъвати Бабрак Кормал ба ин кишвар омаданд, аммо мегӯяд, ки бархе аз аъзои аҳзоби «Халқ» ва «Парчам» низ мухолифи ин таҷовуз буданд.

Аҳмадшоҳ Масъуд аз машҳуртарин фармондеҳони зидди артиши шӯравӣ буд, ки дар дараи Панҷшер алайҳи онҳо меҷангид.

Аҳмадшоҳ Масъуд аз машҳуртарин фармондеҳони зидди артиши шӯравӣ буд, ки дар дараи Панҷшер алайҳи онҳо меҷангид.

Ба бовари оқои Лоиқ, таҷовузи шӯравии собиқ бар Афғонистон оғози ба вуҷуд омадани мушкилоти гуногун дар ин кишвар буд, аммо идомаи он то кунун, омилҳои дигар низ дорад: «Мушкилоти кунунӣ ҳама марбут ба ин рӯйдод нест. Агар гунаҳкори тамоми мушкилот Ҳизби демократики Халқро бидонем, боз ман мепурсам ки мудохилаи Покистон низ дар ин замин асаргузор буд ё на? Мардуми моро, ки ба ҳафт танзими (мурод гурӯҳҳои муҷоҳидин) мухталиф тақсим кард? Ин як иштибоҳ буд ё на? Ислом ки як ислом аст.»

Дар натиҷаи ҳузури беш аз нуҳсолаи Артиши Сурх дар Афғонистон, тибқи оморҳо, як миллион афғон кушта шуда ва се миллиони дигар маълул ва муҳоҷир шуданд. Артиши шӯравӣ низ дар ин ҷараён ба иловаи хисороти ҳангуфти молӣ, наздик ба 15 ҳазор сарбозашро аз даст дод. Ҳазорон танк, ҳавопаймо ва таҷҳизоти низомии шӯравӣ дар Афғонистон аз байн рафтанд ва танҳо чаҳор сол баъд аз ихроҷи нерӯҳои шӯравӣ аз ин кишвар, ин абарқудрат аз ҳам пошид.

Бо он, ки беш аз сӣ сол аз вуруди артиши шӯравӣ ба Афғонистон мегузарад, аммо ҳанӯз ҳам ин кишвар бо мушкилот ва ҷанҷолҳоеи гуногун рӯбарӯ аст ва паёмадҳои манфӣ аз ин рӯйдоди таърихӣ, дар ин кишвар боқӣ аст. Нигарониҳое низ мавҷуданд, ки ин мушкилот то солҳои дигар низ гиребонгири афғонҳо буд ва монеи пешрафти онон хоҳад шуд.

Баргирифта аз бахши дарии Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG