Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузори маргталаб се афғонро ба қатл расонд


Бомбгузори маргталаб дар шаҳри ҷанубу шарқии Хуст, воқеъ дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Покистон се нафарро ба ҳалокат расондааст. Таркиш рӯзи чоршанбе дар даромадгоҳи пойгоҳи низомии ИМА ба вуқӯъ пайваст. Ба қавли мансабдорон бомбгузори савори мошин ба ҳадафаш нарасид, зеро инфиҷор қабл аз вуруди ӯ ба дохили пойгоҳ ба амал омад. Раиси полиси Хуст Абдулкайюм Боқизай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи таркиш се ходими афғони ин пойгоҳ ба қатл расидаанду ду ходими маҳаллии дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ин ҷунбиши ифротии исломӣ масъулияти бомбгузориро бар дӯш мегирад. Се сол пеш дар ҳамин пойгоҳ як ҷосуси дутарафаи ал-Қоида бо куштори ҳафт ходими идораи марказии кашфи ИМА ё худ CIA муттаҳам шуда буд.
XS
SM
MD
LG