Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Касоне, ки ихтиёрӣ силоҳ супурданд, аз ҷавобгарӣ озоданд"


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, онҳое, ки ихтиёрӣ аслиҳаашонро ба мақомот супурдаанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр бо нашри иттилоияе гуфт, онҳое, ки ба дунболи амалиёти Хоруғ ихтиёрӣ яроқу аслиҳаи худро ба мақомот таслим кардаанд, аз ҷавобгарӣ озод ва "қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шудааст". Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин афрод моҳи июн-августи соли 2012 ба дунболи амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ боз шуда буд.

Усмоналӣ Холиқов, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ахир рӯзи 21-уми декабр бо қарори роҳбари Гурӯҳи тафтишотӣ ва бо ризоияти муовини аввали додситони кул, дар асоси моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Бино ба иттилоияи Додситонии кул, "халъи силоҳи афроди мусаллаҳ дар пайи чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомоти умури дохилӣ, амният ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо ва аҳолии Хоруғ аз 25-уми июл то 20-уми декабри соли 2012 ҷараён гирифт." Дар идомаи ин иттилоия омадааст, ки дар ин муддат сокинони маҳаллаҳои заводи нон, Хоруғи боло, "УПД"-и Хоруғ ва деҳаи Поршневи Шуғнон наздик ба 325 яроқи оташфишон ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангиро ба мақомот таслим намудаанд.

"Аз ин миқдор 105 ададро автомати Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 1 адад ДШК, 7 адад аслиҳаи вазнин, аз ҷумла 1 адад миномёти қутраш 82 мм., 7 адад гулӯлапарто (гранатамёт), 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 118 адад таппончаҳои гуногун, аз ин 106 адад таппончаҳои тамғаи Макаров, 6 адад милтиқи суфтамили ИЖ, 43 адад милтиқи «Карабин», 31 адад милтиқи ТОЗ-8, , 22000 адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо), 206 адад запал, 8 адад тротил, 229 адад ВОГ, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангиро ташкил медиҳанд",-гуфта шудааст дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Пажуҳиши қазияи силоҳҳои ғайриқонунӣ аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ дар заминаи воқеаҳои Хоруғ дар моҳҳои июл ва августи соли 2012 ҷараён гирифт. Ҳамзамон бо ин, мақомот ба афрод мусаллаҳ ваъда доданд, ки дар сурати ихтиёран ба замин гузоштани силоҳ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.

Амалиёти нерӯҳои низомӣ дар Хоруғ ба дунболи қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти вилояти Бадахшон, рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ оғоз шуд. Мақомот дар қатли генерал Назаров бархе аз лидерони ғайрирасмии Хоруғ, аз ҷумла Толиб Айёмбековро муттаҳам донистанд. Иддаое, ки Айёмбеков ва ҳамроҳонаш онро рад карда, амалиёти Хоруғро баҳонае барои таҳти назорати комил гирифтани Бадахшон унвон карданд.

XS
SM
MD
LG